Шавҳари зане, ки дар қатли кӯдаконаш гумонбар мешавад: Нагузоштанд, кӯдаконамро бубинам
Наздикони зане, ки дар куштори ду тифли ноболиғаш муттаҳам мешавад, мегӯянд, дар гузашта ӯ ҳеч мушкилии рӯҳӣ надошт.
Холаи Ҳамида, хушдомани Фарангис Шерализода дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, келин ва писараш як сол қабл манзили онҳоро бо қасди зиндагӣ дар хонаи модари Фарангис тарк намуда буданд: “Манзили онҳо аз мо дур буд. Зиндагиашон хуб мегузашт ва келинам ягон маротиба аз писарам шикоят намекард. Намедонам чаро ин корро кардааст”.
Манобеи “Озодагон” охирҳои моҳи сипаришуда аз ҳодисаи аз дасти модар кушта шудани ду тифли ноболиғ дар шаҳри Душанбе хабар доданд. Ба иттилои онҳо, ин зан бо дастбанди гаҳвора фарзандони 40-рӯза ва сесолаи худро буғӣ кардааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар гӯлуи ин ду тифл изи банди борик дида мешуд. Баъдан, як масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба хабаргузорӣ гуфт, ин зан 23 сол дошта, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои ӯ, “муттаҳамшуда аз нигоҳи руҳӣ солим нест. Дар бозпурсиҳо суханҳояш берабту аз мантиқ дуранд”.
Аммо шавҳари Фарангис мегӯянд, ӯ ҳеч мушкили равонӣ надошт: “Ягон маротиба коре накарда буд, ки ба шахси аз нигоҳи руҳӣ носолим хос бошад. Ба кӯдакон ҳатто даст намебардошт. Хеле ором буд. Зиндагиамон хуб мегузашт, камбудие надоштем”.
Ӯ розӣ шуд, ҳодисаи рухдодаро нақл кунад, аммо хоҳиш кард ном ва ҷойи корашро ифшо накунем. “27 апрел наздикиҳои соати 20:00-и шаб ман дар корхона будам, ки хушдоманам занг зад. Гуфт, ки занат девона шудааст, хона биё. Пурсидам, ки тинҷист, ҷавоб дод, ки бале, аммо боз таъкид намуд, ки зуд хона биё. Ман гуфтам, ҳоло бояд раисамро то хонааш барам ва боз пурсидам, ки кӯдакон хубанд? Хушдоманам гуфт, ҳар вақт фурсат ёфтӣ, биё”,-қисса кард ӯ.
Шавҳари Фарангис афзуд, баъди занги телефонии модарарӯсаш дилаш беқарор шуд ва хона омад: “Вақте расидам, соат шояд аз 20:00 гузашта буд. Дар назди дар кормандони милиса қарор доштанд. Пурсидам, ин ҷо чӣ гап аст? Ду корманди пулис аз дастонам дошта, гуфтанд, худатро ба даст гир, занат кӯдаконатро куштааст. Доду фиғон кардам. Ин лаҳза хушдоманам аз хона баромада, гуфт, ки дод назан, ҳамсояҳо мефаҳманд. Ман гуфтам чихел ҳамсояҳо, охир кӯдакон мурдаанд. Маро нагузоштанд вориди хона шавам. Як замон ба ҳуш омадам, ки дар хонаи модарам қарор дорам”.
Шавҳари Фарангис мегӯяд, натиҷаи ташхис муайян кардааст, ки Шоҳинаи 3-сола ва Оминаи 40-рӯза соати 14:00-и рӯзи 27 апрел фавтидаанд, вале хушдоманаш танҳо баъди 6 соат ӯро аз ин ҳодиса хабардор кардааст: “Ман намефаҳмам чаро пас аз 6 соат маро аз ин кор огаҳ карданд. Давоми 6 соат мурдаҳоро хушдоман ва ҳамсарам дар хона нигоҳ дошта, баъдан маро хабар кардаанд. Ҳатто кормандони пулисро низ каме пеш аз ман хабар кардаанд”.
Ӯ афзуд, ҳоло дигар барояш муҳим нест, ки натиҷаи ташхиси тиббӣ ҳамсарашро бемории рӯҳӣ эълон мекунад ё солим: “Фарзандонамро баргардонида намешавад”.
Идигул Ҳаётова, модари Фарангис ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, дар ҳолати “шок” қарор дорад ва наметавонад дар ин мавзӯъ суҳбат кунад.
Ба иттилои наздикони Фарангис чанд сол қабл фарзанди дуюми ин хонавода вақте ҳамагӣ 54 рӯз дошт, ҳангоми хӯрдани шир фавтида буд.