Таъини намояндаи нави Попи Рум дар Тоҷикистон
Фрэнсис Ассизи Чулликатт намояндаи нави Попи Рум дар Тоҷикистон ва Қазоқистон таъин шудааст.
Тавре сомонаи расмии Ватикан хабар медиҳад, Попи Рум, Франсиск намояндаи худ дар Тоҷикистон ва Қазоқистонро 30-юми апрел таъин кардааст.
Тибқи иттилоияи Ватикан Фрэнсиз Ассизи Чулликатт 20-уми марти соли 1953 дар Ҳиндустон таваллуд шуда, аз соли 1988 ба фаъолияти дипломатӣ дар Ватикан оғоз кардааст. Ӯ намояндагии Попи Рум дар Гондурас, Африқои Ҷанубӣ, Филлипин, СММ, Ироқ ва Урдунро ба уҳда доштааст. Аз соли 2010 то 2014 намояндаи Попи Рум дар Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк будааст.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта алайҳи Йозеф Веселовский, собиқ архиепископи калисои католикӣ ва намояндаи Ватикан дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба иттиҳоми фаҳшо ва дастдарозӣ ба ноболиғон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Йозеф Веселовский, ки баъди намояндагияш дар Осиёи Марказӣ ба ҳайси сафири Попи Рум дар ҷумҳурии Доминикан фаъолият мекард, ба иттилои мақомоти тафтишотӣ ба ивази маблағ ноболиғонро ба корҳои фаҳш ҷалб менамудааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, муфаттишон аз компютери кории Веселовский беш аз 100 ҳазор навор ва расмҳои фаҳшро бо иштироки ноболиғон ёфтаанд. Худи Веселовский, ки бо қарори Попи Рум аз ҳамаи унвонҳояш маҳрум гардида буд, дар ҳабси хонагӣ ҷон дод.