Аз гавҳорабандон то лапару бадеҳа. Нашри китоби “Санъати мусиқии Кӯлоб”
Як омӯзгори Колеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов сурудҳои мардумии ин минтақаро ба нота ворид намуда, онро бо се забон нашр кардааст.
Раҳим Раҳмонӣ, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мегӯяд, дар китоби “Санъати мусиқии Кӯлоб” сурудҳои сирф мардумиро, ки аз даҳон ба даҳон то замони мо расидаанд, гирдоварӣ намуда, онҳоро ба нота даровардааст. Муаллифи китоб мегӯяд, “мақсади ман аз ҷамъоварӣ ва ба нота даровардани сурудҳои мардумӣ эҳё ва тарғибу ташвиқи сурудҳои суннатӣ-мардумии минтақаи Кӯлоб буд. Дар 7 боб тамоми сурудҳои фалакӣ, тақвимӣ, тӯёна, гаҳворабандон, лапару бадеҳа ва сурудҳои лирикиро тақсимбандӣ ва бо се забон -- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп намудам”.
Ба гуфтаи оқои Раҳмонӣ, дар оянда қасд дорад, ҳар боби ин китобро дар шакли китоби алоҳида ба нашр расонад.