Ҳалокати Абдуваҳҳоб баъди аз 300 метр сарозер шудани “Саманд”-аш
Дар пайи сарозер шудани сабукрави “Саманд” аз баландии 300 метр як нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар маҷруҳ шудааст.
Манобеи “Озодагон” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, сокини 40-солаи Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар масири рустои Қуноқи ноҳияи Нуробод идораи мошинро аз даст дода, онро аз баландии 300 метр чаппа мекунад: “Дар натиҷа худи ронанда Абдуваҳҳоб Исмоилов дар ҷойи ҳодиса фавтида, мусофири дигар -- Абдусаттор Исмоилов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод интиқол ёфтааст”.