Шикояти фурӯшандаҳои бозори “Истаравшан” аз шифтҳои сӯрох ва “селофанканӣ”-и масъулин (АКС)
Чанде аз фурӯшандаҳои ҶДММ “Бозори марказӣ”-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мегӯянд, аз амали масъулини бозор хаста шудаанд.
Ба гуфтаи ин савдогарон давоми даҳ сол аст, ки шифти бозор сурох аст, вале барои таъмири он ҳеч тасмими гирифта намешавад. Бар илова мегӯянд онҳо, масъулини бозор пайваста “селофанҳо”-еро, ки тоҷирон ба хотири зери борон намондани худ болои нуқтаи савдояшон мекашанд, мекананд: “Махсусан қабл аз омадани комиссия дар як моҳ ду маротиба ин селофанҳо канда мешаванд. Ин амали кормандони бозор фурӯшандаҳоро хеле хаста кардааст”.
Ин тоҷирон бо ирсоли чанд акс гуфтаанд, аз масъулини ЧДММ “Бозори марказӣ”-и шаҳри Истаравшан тақозо доранд, ки билохира ба таъмири шифти айвони бозор иқдом кунанд.