Наҷоти Санговаи 17-сола баъди афтодан ба дарёи Кофарниҳон
Муниса Сангова, сокини 17-солаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати Чуянгарони шаҳри Ваҳдат, ки шоми 3-юми май ба дарёи Кофарниҳон сарозер шудааст, ҷон ба саломат бурдааст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин хонандаи синфи 10 тақрибан соати 16:43 ба дарёи Кофарниҳон афтидааст: “Ӯ тавонистааст, дар назди бозори “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат ба қисмати хушкии миёни дарё барояд”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, наҷотдиҳандагон соати 17:38 дақиқа Санговаро аз байни дарёи Кофарниҳон берун бароварда, ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бурдаанд.