Додситонӣ: Ҳар нафаре аъзои собиқ ҲНИТ-ро шиканҷа мекунад, ҷазо мегирад
Додситонии кулли Тоҷикистон, имрӯз, 4 май бо пахши як изҳорот иддао дар бораи шиканҷаи аъзои боздоштшудаи собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздикони онҳоро беасос хонд.
Ин ниҳод мегӯяд, хабарҳо дар бораи таҳти шиканҷа ва фишор қарор гирифтани аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва наздикони онҳо дар интернет афзоиш ёфтаанд, ки ба бадномсозии Тоҷикистон равона шудаанд: “Муаллифони ин гуна хабарҳо барои асосноккунии ваҷҳҳои худ ягон далел наоварда, аз ифшо кардани ному насабашон канораҷуӣ мекунанд, ки ин гувоҳи боварӣ надоштани худи онҳо ба гуфтаҳояшон мебошад”.
Додситонии кул дар идома хабари «Паём.нет» таҳти унвони «Шиканҷаҳои равонӣ аллайҳи маҳбусони сиёсӣ»-ро мисол овардааст, ки 15 апрел пахш шудааст: “Дар хабар омадааст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа ва фишорҳои равонӣ алайҳи маҳбусони сиёсӣ шуруъ шуда, ба сифати мисоли он гўиё зери шиканҷа қарор гирифтани аъзои Раёсати Олии собиқ ҲНИТ Қосидинов Воҳидхон ва Сайфуллозода Ҳикматулло оварда шудааст”.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки воқеӣ будани хабари мазкурро санҷида, муайян намудаанд: “Қосидинов Воҳидхон ва Сайфуллозода Ҳикматулло, ки айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои мушаххас дар муассисаи тафтишотӣ қарор доранд, хабари паҳншударо қатъиян карда, иброз намуданд, ки касе онҳоро зери шиканҷа ва ё фишори руҳӣ қарор надодааст”.
Додситонии кул дар охир таъкид кардааст, ки ҳар як ариза ё иттилоъ оид ба шиканҷа ё муносибати бераҳмона нисбати маҳбусон ҳатман мавриди санҷиши беғаразона ва ҳаматарафаи мақомоти прокуратура қарор дода, дар ҳолати тасдиқашон шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва Воҳидхон Қосидинов ҳамроҳи Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".
Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.