Ронандаи маст зани 41-сола ва писари ноболиғашро зер кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 21-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ идораи автомашинаро аз даст дода, сабаби марги ду нафар мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, 2 май ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс” -- Ш.Нурализода дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абай ба кӯчаи Шестопавлов, дар рӯ ба рӯи яке аз бинои истиқоматии пойтахт аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон зани 41-сола ва писари 10-солаи ӯро, ки сокинони шаҳри Душанбе будаанд, пахш намудааст: “Дар натиҷа ҳар ду дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидаанд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, автомашинаи “Мерседес-Бенс” баъди пахш кардани модару кӯдак инчунин ба мошини “ДЭУ-Ласетти”, таҳти идораи марди 23-сола бархӯрдааст.