Ҳаҷвияи сиёсӣ бар клипи Садриддину Ғизол (ВИДЕО)
“Шабакаи ханда”-и телевизиони “Тулӯъ” навори як ҳаҷвия бар оҳанг ва клипи муштараки Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷик ва Ғизол Иноят, сарояндаи афғонитаборро ба намоиш гузошт.
Ин суруд бар қолаби таронаи “Ҷони ман”, ки ба Садриддину Ғизол шуҳрати дучанд овард, таҳия шуда ва онро як навъ ҳаҷвияи сиёсӣ меноманд. Ҳаҷвнигорони афғон бо ин тарона аз ҳамсояи худ маззамат мекунанд, ки ҳар лаҳза бар хонаашон “рокетпаронӣ” мекунад:
“Ҷони ман қурбони он ҳамсояи ноздонаам,
Дам ба дам рокетпаронӣ мекунад дар хонаам”.
Шореҳони мусиқӣ бар инанд, ки ҳарчанд дар суруд ба Покистон ишора шудааст, аммо дар худи навор, ки ба клипи асл шабоҳатҳое дорад, Ғизол Иноят ба танз кашида шудааст. “Дар Афғонистон бо марди дигар суруд хондани занҳои афғонро чандон қабул надоранд. Аз образи зан, ки дар ин клип нишон дода шудааст, ин чиз мушоҳида мешавад. Дар гузашта духтарони зиёди тоҷик бо писарҳои афғонӣ суруд хондаву клипҳои дугона доштанд, аммо ҳеч кадомаш мавриди чунин ҳаҷвия қарор нагирифт”,-мегӯяд як коршиноси масоили фарҳангӣ.
Садриддину Ғизол таронаи “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбонро соли 2015 иҷро карданд. Клипи он танҳо дар се моҳ марзи як миллион бинандаро убур кард, ки барои Тоҷикистон “рекорд” маҳсуб мешавад. Ин тарона ба фаъолияти муштараки Садриддину Ғизол бунёд гузошт. Онҳо баъдан чанд суруди дигари дугона иҷро карда, силсилаконсертҳоеро роҳандозӣ намуданд. 20,21 ва 22 марти соли равон консерти муштараки онҳо дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир гардид. Моҳи июн дар чанд шаҳри Канада ва пасон дар Австралия, Амрико ва Бритониё ҳам ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.