Парванда алайҳи 14 донишҷӯи низомӣ барои занозании гуруҳӣ дар Душанбе
Манобеи “Озодагон” аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 14 донишомӯзи мактаби олии марзбонии Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ мегӯяд, парвандаҳо дар робита ба муноқишаи гуруҳии донишомӯзони курсҳои болоӣ ва поёнии омӯзишгоҳи олии марзбонӣ ифтитоҳ шудаанд: “Шабона донишомӯзони курси 2 бо донишомӯзони курси 4 муноқиша кардаанд, ки он бо занозании гуруҳӣ анҷом ёфтааст”.
Гуфта мешавад, занозанӣ то ба ҳадде авҷ гирифтааст, ки барои халос кардани онҳо мақомот нерӯи иловагӣ равон намудаанд: “Айни ҳол нисбати 14 иштирокчии нисбатан фаъоли ин муноқиша бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.
Дафтари матбуотии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мавриди муноқишаи гуруҳӣ миёни донишҷӯёни омӯзишгоҳи олии марзбонӣ изҳори бехабарӣ кард.