ВАО: Сарозери духтари 10-солаи тоҷик аз айвони ошёнаи 7
Расонаҳои русӣ мегӯянд, нисфирӯзи 2 май як духтари 10-солаи тоҷик аз айвони ошёнаи 7-уми бинои истиқоматии хиёбони Искрови Санкт Петербург ба замин сарозер шудааст.
Тавре “Комсомольская правда” аз қавли мақомоти Санкт Петербург хабар медиҳад, духтар бо ҷароҳатҳои вазнин, аз ҷумла сутунмуҳраи шикаста, осеби мағзи сар, сина ва дигар узвҳои даруна дар беморхонаи кӯдаконаи рақами 5 бистарӣ шудааст: “Ҷабрдида аз ҳуш нарафта, тавонистааст, ному суроғаи ҷои истиқоматашро гӯяд. Ӯ изҳор доштааст, ки дар айвони хона танҳо будааст”.
Ба иттилои манбаъ дар баробари ниҳодҳои иҷтимоӣ ба таҳқиқи ин қазия масъулини муҳоҷират низ машғуланд, зеро ҷабрдида бо вуҷуди 10-солагӣ ба мактаб намерафтааст: “Феълан қонунӣ будани ҳузури волидони ин духтар дар Русия мавриди санҷиш қарор дорад”.