Мушовири Обама: Ба Тоҷикистон бояд фишор овард, то маҳдудсозиро қатъ кунад
Коммисиюни байналмилалии озодии динии Амрико дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои “нақзкунандаи доимӣ ва бузурги озодиҳои динӣ” қарор додааст.
Ин комиссия, ки соли 1998 бо қарори Конгрес ташкил шуда, мақоми мушовири раисиҷумҳури Амрикоро дорад, дар гузориши тозаи худ барои соли 2016 таъкид кардааст: “Соли 2015 додгоҳи Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун ҳизби экстримистӣ мамнӯъ кард ва 200 узви он зиндонӣ шуданд. Шоҳидони Яҳво аз соли 2007 мамнӯъ мебошад”.
Бар асоси ин ва дигар ҳолатҳои нақзи озодиҳои динӣ, ки поинтар зикр шудаанд, Коммисиюни байналмилалии озодии динӣ ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, ки Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои “мавриди нигаронии махсус” қарор бидиҳад.
Бар асоси омори ин ниҳод 7.9 миллион аҳолии Тоҷикистон мусулмон буда, бештарашон пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Коммисияи мазкур 4 дарсади мардуми Тоҷикистонро пайрави мазҳаби Исмоилия гуфтааст. Ба иттилои манбаъ 150 ҳазор насронии Тоҷикистон пайрави ортодокси русӣ буда, протестант ва католикҳои романӣ ҳам дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд: “Илова бар ин дар Тоҷикистон теъдоди ками баҳоиҳо, Ҳаре Кришна, Шоҳидони Яҳво ва камтар аз 300 яҳудӣ зиндагӣ мекунанд.”
Муаллифони гузориш бо ишора ба муҳити қонунии Тоҷикистон гуфтаанд, ки он аз соли 2009 озодиҳои диниро маҳдуд кардааст: “Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон аз соли 2009 барои гуруҳҳои динӣ маҳдудиятҳои бузург пеш омадааст. Фаъолиятҳои сабтиномнашуда, таълими динии шахсони алоҳида ва таблиғи диниро ҷурм меҳисобад. Теъдоди масҷидҳоро маҳдуд кардааст. Дахолати давлатро дар таъини имомхатибон иҷозат медиҳад. Барои ташкилотҳои динӣ иҷозатномаи махсус лозим аст. Мазмуни маводҳои динӣ, нашр ва ворид кардани онҳо зери назорати давлат аст. Соли 2011 ва 2012 кодекси ҷиноӣ ва маъмурӣ ҷазоҳои навро ҷорӣ кард, ки онҳо шомили ҷаримаҳои калон ва муддатҳои тӯлонии зиндон барои парвандаҳои динӣ ба мисли ташкил ё иштирок дар вохӯриҳои “ғайри қобили қабул”мебошанд”.
Дар ин гузориш аз қавли Вазорати умури хориҷаи Амрико қайд шудааст, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки қонунӣ одамони зери синни 18-ро аз иштирок дар фаъолиятҳои умумии динӣ ва намоз дар масоҷид маҳрум кардааст.
Коммисиюни байналмилалии озодии динӣ тавсия додааст, ки ҳукумати Амрико бояд, “ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёрад то қонуни соли 2009 ва дигар қонунҳои марбутро ба тааҳудоти байналмилаӣ мутобиқ кунад. Бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус дар мавриди мубориза ба терроризм, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, кор кунад. Аз ҳукмати Тоҷикистон дархост кунад, ки ворид шудани гузоришгарони СММ дар мавриди озодии диниро иҷозат диҳад. Барои сафорати Амрико шароит фароҳам кунад то парвандаҳои додгоҳии нафаронеро, ки бо фаъолиятҳои динӣ айбдор шудаанд, пайгирӣ кунад”.
Кишварҳои Мянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Туркманистон, Узбакистон, Ҷумҳурии Африқои марказӣ, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия ва Ветнам низ дар феҳристи кишварҳои “нақзкунандаи доимӣ ва бузурги озодиҳои динӣ” шомил шудаанд. Дар ин гузориш инчунин омадааст, ки вазъияти озодии динӣ дар тамоми ҷаҳон бадтар шудааст. Ин ниҳоди машваратии Барак Обама гуфтааст “ҳукуматҳои худкома дар тамоми ҷаҳон, махсусан насрониҳо ва мусулмононро барои иҷро кардани боварҳои диниашон зиндон мекунанд. Ҳамчунин афзоиши таҳаммулнопазирӣ алайҳи мусулмонон ва яҳудиён дар Аврупо вуҷуд дорад”.
Дар ин гузориш омадааст, “озодии динӣ ҳам мисли масъалаҳои башарӣ, амният ва дигар мушкилот бояд рӯи миз бошад. Амрико ва кишварҳои дигар бояд дар мавриди ин ҳақ ва эҳтироме, ки қоил аст, ба созиш биёянд ва кӯшиши худро барои дифоъ аз ин озодии меҳварӣ дучанд кунанд”.