Ромит: Фирори садҳо хонавода ба куҳ аз тарси селоб
Садҳо сокини маркази ҷамоати деҳоти Ромит дар пайи барони шадиди шаби 2 ба 3 май хонаҳои истиқоматияшонро тарк карда, болои куҳ баромадаанд.
Досталӣ Усмонов, сокини 28-солаи ҷамоати мазкур имрӯз, 3 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳудуди 700 хоҷагӣ дар зери дараи 2 километрӣ иқомат доранд: “Вақте борону жолаи зиёд меборад, об ҷамъ мешавад ва селоб меояд. Мо ҳудуди 700 хоҷагӣ шаб хоб надоштем, ҳамроҳи хонаводаамон болои куҳ баромадем. Ин хатари фаромади селобро ҳама медонанд. Мо худамон тариқи ҳашар ва кирояи трактор талош кардем, хатарро камтар созем. Аммо бе дастгирии ҳукумат намешавад. Ба мо ёрдам даркор. Агар камтари дигар борон борад обдара ҳамаро мебарад. Ҳозир бо зану кӯдакҳо болои куҳем, камшавии обро интизорем”.
Берун шудани садҳо хонавода дар Ромит аз манзили истиқоматияшон дар ҳолест, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, дар пайи борони шадиди шаби гузашта ва сангфароӣ дар Тоҷикобод роҳи мошингард банд шудаст: “Ҳамчунин пули маркази ноҳияи Варзоб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад”.