Боздошти марди 52-сола бо иттиҳоми кордкашӣ ҷониби ҳамсараш
Вазорти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 52-солаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар расонидани зарари вазнин ҷисмонӣ ба ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дастгиршуда 29 март, тахминан соати 14:20 бо ҳамсараш, зани 50-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба шиками ӯ мезанад: “Дар натиҷа ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.