Аз шумораи мазкур теъдоди беш аз 1 миллиону 800 ҳазор нафар ҳоҷиёне будаанд, ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон озими Арабистони Саудӣ шудаанд ва боқимонда аз шаҳрвандони ҳамин кишвар будаанд.
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имсол ба адои ҳаҷҷ ва зиёрати марқади Паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (с) шарафёб шудаанд, беш аз 5500 зикр мегардад.
Гуфта мешавад, ки ҳайъати мудофиаи шаҳрвандии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҳоҷиён дар мавсими ҳаҷҷи имсола 22.000 нафар корманди соҳа ва 6.000 мошин ва дигар воситаҳои техникиро сафарбар намудааст.