Ҷавоби муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ: Мазмуни мактуби маро дигар карда, имзои қалбакӣ гузоштаанд
Умарзода Зайнура Васлӣ, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ иддао дорад, қазия марбут ба Шаҳнози Ниёзбоқӣ кори дасти афродест, ки ӯро дар ин мансаб дидан намехоҳанд.
Шаҳноз 28 апрел дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, масъулини ноҳия ба ӯ иҷозаи суханронӣ дар назди раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли равонро надодаанд. Ӯ гуфт, нахуст исмаш дар феҳрасти баромадкунандаҳо буд, аммо баъдан онро ҳазф кардаанд. Ба гуфтаи ин ҷавондухтар дар мактуби расмие, ки бо имзои муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ дарёфт кард, гуфта шудааст, ки барои суханронӣ дар назди Президент озмун баргузор шуд ва шартҳои он доштани симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро буд. Аммо Умарзода Зайнура Васлӣ, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ дар як нома унвонии “Озодагон” иддао кардааст, ки мазмуни номаи ӯ ба Шаҳноз тағйир дода шуда, имзояш ҳам тақаллубист. Ин иддао дар ҳолест, ки Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ рӯзи гузашта дар суҳбат ба "TojNews" гуфт, “дар ҷавоби Ҳукумат хато шудааст ва ба ҷои раққосаҳо баромадкунандагон навишта шудааст. Чеҳраи ориёӣ, қаду қомати зебо барои раққосаҳо буд, на барои баромадкунандагон.”
Номаи хонум Умарзодаро айнан нашр мекунем:
“Ман Умарзода Зайнура Васлӣ – муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ мебошам. Зани оддӣ, озод ва ватандусти миллат, маълумотам олист. Мо мардуми Мастчоҳ ифтихорманд ҳастем, ки Пешвои Миллат Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафар намуда, ба мардуми меҳнатқарини он илҳому нерӯ ва қуввату мароми нав бахшиданд. Ободкориҳои зиёдро дар ноҳия агар касе дида натавонад, ӯ курдил аст.
Номаи навиштаи Шаҳноза маро ба ҳайрат овард. Ин духтар шогирди ман буд. Вале ҳайронам, ки бо дасисаҳои иддае, ки мани зани оддӣ ва соҳибмаърифатро дар ин мансаб дидан намехоҳанд, ба ғаразҳои онҳо дода шуда, беасос ҳангома хезонидааст. Аввал ин ки ҳеҷ як баромади сокинон дар нақша набуд. Ҷаноби Олӣ аз ҳайкали Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ карданду чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт. Ягон нафар ҳам сухан накардааст, магар ки Шаҳноза.
Агар мақсади Шаҳноза сухан гуфтан мебуд, ба мулоқоти озоди Сарвари давлат ҳангоми ифтитоҳи мактаби деҳаи Андарвашт мерафт ва озодона фикрашро баён мекард, чун нафароне, ки озодона онҷо сухан гуфтанд.
Нисбати мактуб гуфтаниям, ки ба дасисаи афроди ғаразманд нисбати вазифаи ман даромада, бланкаи мақомотро аз касе ёфта, мактуби ҷавобии маро ба дигар мазмун гардонида, имзои қалбаки гузошта ба сомонаҳо равона кардааст. Доир ба масъалаи симои ориёӣ доштан, қоматбаланд будан дар озмуни интихоби раққосаҳо эътибор дода шуда буд, на дар ягон озмуни дигаре, ки Шаҳноза ҳамаро ба гумроҳи бурдааст. Озмуни раққосаҳоро озмуни баромадкунандагон арзёби кардан ин аз иштибоҳи бузурги Шаҳноза аст.
Асли мактубро ба почтаи электронии сомона пешниҳод мекунам. Доир ба ин амали барқасдона ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам ва албатта ҳақро ба ҳақ мерасонам.
Мо мардуми Мастчоҳ аз ташрифи Ҷаноби Олӣ сипосгузорем, зеро бо дастгирии Пешвои миллат ноҳияи мо ободу зебо гардид ва имруз симои худро куллан дигар кардааст. Аммо ҳайфи нафароне, ки дар дил ғаразу кина ва адоват доранду шаъну эътибори мардуми Мастчоҳро бо истифода аз ин ҳолатҳои нозук паст мезананд. Боқи қазоват аз ту хонандаи азиз!”