Талаби Р.Эмомалӣ аз сармураббии нави тими мунтахаб
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон назди Ҳаким Фузайлов, сармураббии навтаъини тими мунтахаби миллии футбол вазифа гузоштааст, ки дастаро ба даври ниҳоии Ҷомӣ Осиё-2019 барорад.
Тибқи иттилои сомонаи ФФТ муаррифии Фузайлови 51-сола, собиқ ҳимоятгари тими “Помир”-и Душанбе ба ҳайси сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон 3 май дар толори ФФТ баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ сармураббии нави Тоҷикистон баъди таъинаш ба мақоми нав изҳор доштааст, ки “талош мекунем, то вазифаҳои дар наздамон гузоштаро иҷро кунем. Ин пеш аз ҳама гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2019 мебошад. Муътақидам, ки мунтахаби миллии мо аз уҳдааш мебарояд”.
Нахустин сабқати тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Ҳаким Фузайлов 2 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Бангладеш дар назар аст. Бозии ҷавобӣ дар Дакка 7 июн баргузор мешавад. Ғолиби ин сабқат ба мусобиқаи интихобии даври гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.
Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августи соли 1964 таваллуд шуда, фаъолияти худро аз тими “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст. Ӯ аз соли 1986 то 1991 ба ҳайси ҳимоятгар дар тими “Помир”-и Душанбе бозӣ карда, аз соли 1992 ба дастаи “Локомотив” гузаштааст. Соли 1994 дар ҳайати ин тим соҳиби медалии биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Русия шудаст.
Фаъолияти мураббигии Фузайлов аз охири солҳои 90-уми асри гузашта оғоз шудааст. Ӯ роҳбарии бошгоҳҳои “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқандро ба уҳда доштааст. Соли 2003 сармураббии дастаи Андиҷони Узбакистон таъин шуда, як сол пас ба тими “Титан”-и вилояти Маскав гузаштааст. Баъдан дар ҳайати мураббиҳои дастаи “Локомотив”, “Ростов” ва “Терек” фаъолият карда, моҳи январи соли равон ба мақоми муовини раҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин шудаст.