Ҷаласаи ҳукумат: Аз тағйири буҷа то таъсиси коллеҷи Данғараю номивазкунии корхонаҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат масъалаҳои вобаста ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара», Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ» ва табдили номи як қатор корхонаҳои воҳиди давлатиро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.
Инчунин зимни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди картошкапарварӣ, вусъатбахшии кишти такрорӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар дар соли равон вазифадор кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар ҷаласа лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.