Баъди имзои Президент: “Ов” ва “ович” расман манъ шуданд
Вазорати адлияи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки расман номгузории тоҷикон бо истифода аз пасвандҳои русии “ов” ва “ович” манъ шуд.
Ҷалолиддин Раҳимов, муовини раҳбари Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия имрӯз, 29-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнуъ мебошад: “Аммо ин муқаррарот ба ақалиятҳои миллӣ рабт надорад. Масалан русҳо, чиниҳо ва дигар ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон метавонанд аз номгузории анъанавии худ истифода баранд”.
Ӯ таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд. Раҳимов илова намуд, ки ба зудӣ феҳрасти номҳои тоҷикӣ нашр мешавад ва тоҷикон метавонанд бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён””пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд.
Раҳимов илова намуд, барои афроде, ки феълан бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад: "Онҳое, ки айни ҳол дар санадҳо бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, метавонанд номгузорияшонро иваз кунанд. Ин ихтиёрӣ мебошад".
Ин навгониҳо дар ҳолеянд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 15 март тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро имзо намуд, ки мувофиқи он ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст”.