Боздошти се аврупоӣ барои наворбардорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти се шаҳрванди Полша дар наздикии марз бо Тоҷикистон хабар доданд, ки ба наворбардории ғайриқонунӣ машғул будаанд.
Тибқи иттилоияи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон шаҳрвандони Полша дар минтақаи сарҳадии вилояти Ош, 300 метр дуртар аз марзи Тоҷикистон ба наворбардорӣ ва аксбардории иншооти низомӣ машғул будаанд: “Наворбардориро дар наздикии гузаргоҳи марзии “Бордобо-автодорожний” миёни Қирғизистону Тоҷикистон анҷом медоданд. Яке аз боздоштшудагон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надошт”.
Мақомоти марзбонӣ афзуданд, дар пайи таҳияи аснод боздоштшудагон ба ихтиёри Кумитаи амният барои таҳқиқи бештар гузошта шуданд.