Президент рамзи 25-солагии Истиқлолиятро тасдиқ кард (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рамзи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатиро, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии кишвар пешниҳод гардидааст, тасдиқ кард.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.
Ба иттилои манбаъ ин ангора барои корбарӣ ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.