5,5 сол ҳабси ронандаи ҷавон барои марги ду мусофираш
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, як ронандаи 22-сола, сокини ноҳияи Данғараро дар марги ду мусофираш гунаҳкор хонда, ба 5 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин ронандаи “Опел-астра” соати 6:00-и 2 июли соли 2015 ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Варзоб ба самти Душанбе дар ҳудуди деҳаи “Даҳана” суръатаи ҳаракатро аз меъёр зиёд кардааст: “Дар натиҷаи ҳаракат бо суръати баланд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мусофиронаш ба дарёи Варзоб сарозер мешаванд. Дар пайи садама Муродова Басбӣ, сокини 50-солаи ноҳияи Вахш ва Холиқов Хушбахт, сокини 29-солаи ноҳияи Шаҳринав дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд”.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ин ронандаи ҷавонро дар нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки бо марги ду ё зиёда нафар анҷомидааст, гунаҳкор дониста, 5,5 сол аз озодӣ ва ба муҳлати 3 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум намудааст.