Духтарони тоҷик ба дарвозаи Бутан 4 гол заданд
Мунтахаби духтарони футболи Тоҷикистон дар бозии дуюми сабқати минтақаии Осиё-2016 оид ба футбол миёни духтарони то 14-сола дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ яккачини Бутанро шикаст дод.
Ин бозӣ дирӯз, 27 апрел дар майдони Академияи футболи “Истиқлол”, дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи мизбонҳо хотима ёфт.
Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро капитани даста -- Нилуфар Абдулҳаева ва голҳои сеюму чорумро Гулшан Сафарова ва Матлубаи Даминзода ба ҳадаф расониданд. Тоҷикистон дар ин рақобат дар гуруҳи “А” қарор гирифта, дар асоси натиҷагирии ду бозӣ бо се имтиёз дар ҷойӣ дуюм қарор дорад. Мунтахаби Эрон бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал, Бутан бо се имтиёз дар ҷойи сеюм ва Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.
Дар ин сабқат тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Непал, Ҳиндустон ва Бутан иштирок мекунанд. Дар пайи даври гуруҳӣ ду даста аз ҳар гуруҳ ба даври ниманиҳойӣ мерасад. Бозиҳои даври 1/2 финалӣ 30 апрел баргузор шуда, ғолиби сабқат 1 май муайян мегардад.