Ҷаримаи омӯзгори писари Дилбар Гургова. Ӯро ҳам ҷарима таҳдид мекунад
Як омӯзгори мактаби таҳсилоти №48-и ноҳияи Шоҳмансур, ки ба писари Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” дарс мегуфт, ҷарима шудааст.
Раҳматхӯҷа Ҷамилов, директори ин мактаб 27 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи шикояти Дилбар Гургова додситонии ноҳия роҳбари синфи писараш -- Латофат Ғафуроваро ба ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима кард. Хонум Гургова тасдиқ кард, ки аз ин омӯзгор барои талаби моҳона аз фарзандаш ба додситонӣ шикоят карда буд.
Ин дар ҳолест, ки парвандаи худи Дилбар Гургова ба додгоҳ ирсол шудааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бино ба иттилои гирифтааш, додситонӣ парвандаро ба суд фиристодааст: “Бори охир маро 15 апрел ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват карданд. Чанд рӯз зиқ шуда, бемор шудам ва дигар нарафтам, пурсам, ки қазия чӣ шуд. Фаҳмидам, ки парванда ба суд рафтааст. Намедонам, ки маро чӣ қадар ҷарима мекунанд. Омада бинанд, ман нони хӯрдан надорам, чӣ хел ҷаримаам мекунанд?”
Ба гуфтаи хонум Гургова парванда нисбати ӯ дар пайи шикояти масуълини мактаби 48-и ноҳияи Шоҳмансур барои нарафтани фарзандонаш ба мактаб боз шудааст. Ӯ қаблан гуфта буд, аз 5 фарзанд чор нафарашон дар мактаб мехонанд ва имкон ба дарс фиристодани онҳоро надорад. Ӯ изҳор дошта буд, дар хобгоҳи маҳаллаи 9-ум километр ба ивази 485 сомонӣ иҷоранишин аст ва 10 сомонӣ ҳақмузди якрӯзае, ки барои фаррошӣ мегирад, барои таъмини рӯзгори хонаводааш кифоя нест: “Аз мактаб пули моҳона талаб карданд, аммо ман надоштам. Аз ин рӯ дигар фарзандонам ба дарс нарафтанд”.
Дар пайи нашри ин хабарҳо чанд нафар изҳор доштанд, ки ба ӯ кумак мекунанд. Дилбар Гургова имрӯз, 28 апрел ба “Озодагон” гуфт, акнун фарзандонашро ба мактаб мефиристад ва таҳсили худро идома медиҳанд: “Чанд нафар кумак карданд, дигар фарзандонам сари вақт ба дарс мераванд”.