Гумонбари асосӣ дар куштори кормандони комиссариат 30-сол равонаи зиндон шуд
Додгоҳи шаҳри Душанбе Умедҷони Амрохон, муттаҳами асосӣ дар қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро барои 30-сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тоҳир Мусобекзода, раисикунандаи парванда имрӯз, 27 апрел зимни эълони ҳукм гуфт, Умедҷон бар пояи моддаҳои 104, қисми 2 ва 302 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ муҷрим шинохта шуда, панҷ соли ҳукмро дар маҳбаси оддӣ ва 25 соли дигарро дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр пушти сар хоҳад кард. Ба иттилои ӯ, дар ҷараёни баррасии парванда вай қисман ба гуноҳи худ иқрор кардааст.
Панҷ гумонбари дигари ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳукмҳои нисбатан сабуктар гирифтанд. Одилҷон Мизоев 3 солу 6 моҳ, Наврӯзҷон Мирзоев 4, Шарифҷон Раҳматову Ҷуъмахони Давлатшоҳ 1 солу 6 моҳӣ ва Шоҳинҷон Сафаров 1 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Тоҳир Мусобекзода, раисикунандаи парванда дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, маҳкумшудаҳо баъди қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм метавонанд аз он шикояти кассатсионӣ баранд.
Қаблан Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки Умедҷони Амрохон ва Шарифҷон Раҳматов соати 7:20 дақиқаи 7 ноябри соли 2015 дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати мазкур - Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд онҳоро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Дар ҷараёни баррасии парванда, гумонбарон изҳор доштанд, ки дар боздоштгоҳ аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ шиканҷа шудаанд. Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, “дар амали маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ таркиби ҷиноят ошкор нашудааст.