Сафири Русия дар ҶТ ба таври оҷил ба Маскав парвоз кардааст
Юрий Попов, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон барои машварат ва маслиҳати баъдӣ субҳи имрӯз озими Маскав шудааст.
Тибқи иттилои расида, дипломати русро шоми дирӯз райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, ҷонибҳо масъалаи сарнавишти халабонҳои Русияро баъди эълони ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа баррасӣ кардаанд. Гуфта мешавад, дар ҳалли қазияи судии Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко аз Эстония ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ин масъаларо дар доираи қавонини амалкунанда ва Конститутсияи Тоҷикистон ҳаллу фасл хоҳад кард.