Ифшои номи муҳоҷири дуюми тоҷик, ки дар Петербург худро ба дор овехт
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург номи муҳоҷири тоҷикро, ки ҷасадаш шаби 26-уми апрел аз ҳалқаи дор дар хиёбони Энгелс дарёфт шуд, муайян намудааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, муҳоҷири марҳум Аминов Муҳриддин Иброҳимович, соли таваллудаш 1985 зодаи деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ мебошад: “Дар Санкт Петербург ягон нафари наздик надоштааст. Феълан барои интиқоли ҷасадаш ба Ватан чораандешӣ карда истодаем”.
Тибқи иттилои сомонаи «Оперативное прикритие» ҷасади ин муҳоҷири тоҷик, ки расман дар деҳаи “Красное село” ба қайд гирифта шудааст, тақрибан соати 21:30 дақиқаи рӯзи 26-уми апрел дар суроғаи Энгелс 129/3 дарёфт шудаст: “Осори марги маҷбурӣ дар бадани муҳоҷир пайдо набуд ва феълан фарзияи асосӣ худкушӣ мебошад. Ҷузъиёти қазия таҳқиқ мешаванд”.
Ин дуюмин ҳодисаи худовезии муҳоҷири тоҷик дар Санкт Петербур тайи як моҳи охир мебошад. Тавре аз намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба “Озодагон” иттилоъ доданд, як моҳ қабл Ҳусейн Саидов, сокини 29 солаи шаҳри Душанбе худро ба дор овехта буд: “Саидови марҳум аз бонк қарздор будааст. Натавонистааст қарзи бонкро баргардонад ва аз ин рӯ худро ба дор овехтааст”.