Донишҷӯи тоҷик: Адвокат маҷбурам дорад, ки гуноҳи накардаамро ба дӯш гирам
Расулҷон Насруллоев, донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Маскав гуфтааст вакили мудофеи давлатиаш пешниҳод кардааст, ки ҷинояти накардаро ба гардан бигирад.
Ба гуфтаи ин сокини шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд вакили мудофеъ пешниҳод кардааст, бо имзои санаде эътироф кунад, ки ҷинояти дуздиро содир кардааст.
Насруллоев ба ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” муроҷиат карда, арз доштааст, ки қазия 10 ноябри соли гузашта дар фурӯшгоҳи “Ашан”, воқеъ дар кӯчаи Вавилови шаҳри Маскав рух додааст. Ба гуфтаи Расулҷон Насруллоев ҳангоми харидорӣ дар бахши маҳсулоти нонии мағозаи “Ашан”, ӯ аробачаро монда барои гирифтани нон дуртар рафтааст. Пас аз бозгашт моли харидаашро дохили аробача гузошта рафтааст. Ин донишҷӯи тоҷик гуфтааст, вақте ба пеши хазинадор расидам духтаре ҳамроҳи посбон ҳам расиданду дод задаанд. “Пурсидам, ки чӣ гап аст? Духтар аз аробачаам борхалта-“рюкзакаш”-ро бароварда онро дар ҳузури посбон боз кард.”
Ба қавли Расулҷон ӯ ҳамин ҷо фаҳмидааст, ки дар дохили аробачааш “рюкзак”-и дигар кас будааст ва барои бетаваҷҷуҳӣ узр пурсидааст. Аммо соҳиби “рюкзак” ба ин шарҳи донишҷӯи тоҷик бовар накардааст ва пас аз шунидани тавҳин аз ҷониби духтари рус Расулҷон пешниҳод кардааст, ки сабти навори дурбинро дар ҳузури кормандони пулис бубинанд. Ин ҷо маълум шудааст, ки вақте Расулҷон аробачаро монда ҷойи дигар меравад, шахси номаълум аробачаро аз ҷояш тела медиҳад. Дар ин вақт духтар аробачаашро бо “рюкзак” дар ҷойи аробачаи Расулҷон мемонад. Ба қавли Расулҷон, духтари рус ҳам ҳангоми тафтиши сабти дурбин ҳузур доштаву дидааст, ки чизе аз онҷо гум нашудааст. Аммо нисбати Расулҷон барои дуздӣ дар мағозаи “Ашан” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва вакили мудофеи ӯ, пешниҳод кардааст, ки гуноҳи худашро эътироф кунад.