Пешниҳоди номзадии Э. Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел
Ҳикматулло Насриддинов, ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта, пешниҳод кардааст, номзадии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расман барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод шавад.
Ба ақидаи Насриддинов, ин пешниҳод бояд аз ҷониби парлумони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии кишвар ба ниҳоди дахлдори ҷоизаи Нобел ироа гардад. Ба бовари ӯ, Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳи Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ на камтар аз Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, хизмат кардааст.
Ин сиёсатмадори собиқадори тоҷик дар суҳбат бо “Азия Плюс” таъкид намудаст, ки феълан ҳеч кас дар ҷаҳон наметавонад хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро инкор кунад: “Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое зимоми қудратро ба дасти худ гирифт, ки Тоҷикистонро хатари азбайнравӣ таҳдид мекард. Дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ман ҳамчун вакил мушоҳида кардам, ки бисёр сиёсатмадорҳои таҷрибадори он замон намехостанд роҳбарии давлатро ба уҳда гиранд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ин бори гаронро ба дӯш гирифт ва эълон намуд, ки “ман ба шумо сулҳ меорам”.
Ҳикматулло Насриддинов соли гузашта пешниҳод карда буд, Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон бимонад. Ба таъкиди ӯ, дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардани нафари арзанда барои президентӣ номумкин аст: “Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад ва барои роҳандозии ин маъракаҳо маблағ сарф намегардад”.
Аз ин пештар вай пешниҳод карда буд, нимпайкараи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гузошта ва ба ӯ дубора унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.