Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз Норак бо буридани лентаи рамзии мактаби №10 шурӯъ гардид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 27 апрел бо як сафари корӣ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон рафтааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин сафар бо буридани лентаи рамзии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ оғоз шудааст. Ба иттилои манбаъ, мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст: “Дар ин муассисаи таълимии навбунёд 240 нафар толибилм дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда синфхонаҳои барҳавои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи замонавӣ дорад”.
Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоту шароити таълимии мактаб изҳори қаноатмандӣ намуда, аз амали неки соҳибкор Муҳиддин Табаров барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кардааст.