“Истиқлол” дар Урдун ноком шуд
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар бозии даври панҷуми марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2016 аз тими “Ал- Файсалӣ”-и Урдун шикаст худ.
Ин бозӣ дар пойтахти Урдун -- шаҳри Аммон бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ду голи дастаи “Истиқлол”-ро Александр Кабалаш ва Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаҳои 68 ва 76-ум вориди дарвозаи “Ал- Файсалӣ” намуданд. Голҳои ҳарифро Халил Баниятеҳ (2 гол), Муҳаммад Ал-Рифаӣ ва Ясин Бакит заданд.
Ҳайати “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббии даста -- Мубин Эргашев аз ин қабил буд: Дарвозабонҳо - Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев. Ҳимоятгарон - Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ. Нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Акмал Холматов, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев. Ҳамлагарон - Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.
Тими “Истиқлол” дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2016 дар гуруҳи “В” бо дастаҳои “Нафт Ал-Васат”-и Ироқ, “Ал-Файсалӣ”-и Урдун ва “Триполи”-и Лубнон қувваозмоӣ мекунад. Тибқи ҷадвали раддабандии ин гуруҳ “Нафт Ал-Васат” бо 9 имтиёз дар дар ҷойи аввал аст, “Ал-Файсалӣ” бо 8 имтиёз дар мақоми дуюм, “Триполи” бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол” як имтиёз дошта, мақоми охирро муаррифӣ мекунад.