Сафарбаркунии дубораи вакилон барои шарҳи раъйпурсии 22 май
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26 апрел бори дигар барои фаҳмондани моҳияти раъйпурсии умумихалқӣ бо сафари даҳрӯза ба шаҳру навоҳии кишвар сафарбар шудаанд.
Дар ин бора, Муҳаммадато Султонов, сухангуи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, ки ба ин далел ҷаласаҳои навбатии вакилон ба вақти дигар монда мешаванд.
Манбаъ афзуд вакилон ба сокинони навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро шарҳ хоҳанд дод: “Сафари вакилон то 4 май идома хоҳад дошт”.
Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон низ вакилон барои шарҳи паёми Президент ба парлумон ва тағйирот ба Конститутсия назди мардум сафарбар шуда буданд.