Филми саргузашти муҳоҷири тоҷик дар Швейтсария ҷоиза гирифт (ВИДЕО)
Филми коргардон Денис Шабаев "Кори бегона" дар бораи муҳоҷири тоҷик, дар ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии "Нигоҳи воқеӣ" соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин дебюти навоварона" шуд.
Ба иттилои маркази матбуотии ҷашнвора, ин рӯзҳо дар шаҳри Нйонеи Шветсария ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатӣ баргузор шуда, ин филм дар бахши "Нигоҳи нав" пешбарӣ шудааст. Ин филми ҳуҷҷатӣ дар бораи як муҳоҷири тоҷик буда, ӯ барои пайдо кардани маблағ ба Русия меравад ва дар баробари ин мехоҳад ҳунарманд шавад: “Дар ин филм Фаррух, муҳоҷири меҳнатии тоҷик ҳамроҳ бо падару модар ва бародараш, ки дар Маскав зиндагӣ мекунанд, барои ба даст овардани маблағ розӣ ҳаст ҳамаи корро анҷом диҳад. Вале Фаррух танҳо барои пайдо кардани маблағ ҳамсару фарзандони худро дар Ватан танҳо нагузоштааст, ӯ инчунин мехоҳад ҳунарманди муваффақ низ гардад”-навиштааст муаллиф дар шарҳи филм.
Муҳоҷири тоҷик дар ҷустуҷӯи нақш аст ва дар яке аз филмҳо ба ӯ нақши муҳоҷиреро, ки саҳван ба куштор айбдор мешавад, пешниҳод мекунанд. Баъдан ӯ дар зиндагӣ, зимни як садама боиси марги шахси дигар мешавад ва паси панҷара меафтад.
Дар хулосаи ин филм омадааст, “қаҳрамон, ки байни арҷгузорӣ ба волидайн ва ҳаваси дидани ҷаҳоне, ки он ҷо касе ӯро мунтазир нест, мондааст”. Денис Шабаев бо ин филми худ қиссаи ғамангезеро нақл мекунад, ки аз аввал то охир моро ба худ ҷазб мекунад”-омадааст дар муаррифиномаи филм.
Дар маҷмуъ ба ҷашнвораи "Visions du Réel" дар Швейтсария ҳудуди 180 филм пешниҳод шудаанд.