2 кушта ва 4 захмии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон
Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ду задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба “Озодагон” гуфт, задухӯрди аввал шаби 23 апрели соли равон дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии зертобеъи Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” рух додааст. Ба иттилои ӯ, гуруҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон, ки аз 6-7 нафар иборат будаанд, ба амри сарҳадбонони тоҷик, итоат накарда, тир мекӯшоянд: “Сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон доданд, ки дар натиҷаи он як нафар аз қочоқчиён захмдоршуда, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда ба тарафи Афғонистон фирор карданд”.
Манбаъ мегӯяд, аснои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳудуди 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ёфт ва мусодира шудааст. Ҷаноби Улуғхоҷаев афзуд, ҳодисаи дигари талоши убури ғайриқонунии марз дар ин минтақа шаби 25 ба 26 апрел тахминан соати 23:40 сабт шудааст. Ба иттилои сухангӯи Қушунҳои сарҳадӣ, ин навбат қочоқчиён 16 нафар будаанд. Дар пайи задухӯрди мусаллаҳона ду қочоқчӣ кушта ва 3 нафари дигар маҷруҳ шудааст. Афроди дигар аз аз торикии шаб истифода бурда, ба Афғонистон фирор кардаанд: “Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 60 кг маводи мухаддири Ҳашиш, 5 кг афъюн, 1 адад яроқи оташфишони АКМ -7,62 бо 3 адад тирдон бо 80 дона тирҳои қутраш 7,62 ва 1 адад норинҷаки дасти Ф-1 дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, феълан, тафтишоти ин ду ҳодиса идома дорад.