Хабари ҳамлаи ҳакерии ДИИШ ба сомонаи Департаменти давлатии ИМА
Чанде аз расонаҳо бо такя ба иттилои “Иттиҳоди Кибер-Халифат”, ки як ҷузъи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дониста мешавад, аз мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтани торнамои расмии Департаменти давлатии ИМА хабар додаанд.
Ба иттилои ин манобеъ, аз торнамо иттилои шахсии кормандони департамент, бо шумули ному насаб ва шумораи телефонашон рабуда шудааст. Департаменти давлатии ИМА ин хабарҳоро ҳанӯз шарҳ надодааст.