Кумитаи дин коргар меҷӯяд: Маош аз 576 то 1709 сомонӣ
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон барои ишғоли чанд курсии холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.
Торнамои расмии кумита менависад, озмун барои ҷойҳои холӣ дар дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ (музди меҳнат 1709 сомонӣ), мудири Бахши таҳсилоти динӣ (1048 сомонӣ), мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (697), мутахассиси пешбари Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо (697) ва мутахассиси Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ (576) гузаронда мешавад.
Манбаъ, талабот барои ишғоли ин мансабҳоро “таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи умумии хизмати давлатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, дониш ва малакаи роҳбарӣ” унвон карда, таъкид намудааст, довталабон вобаста ба вазифа бояд аз 1 то 7 сол собиқаи корӣ дошта бошанд.