Қасди марди узбак барои вуруд ба Кремл ва суолаш ба Путин дар бораи тоҷику қирғизҳо
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мегӯянд, шаҳрванди 35-солаи ин кишвар, ки зодаи Узбакистон мебошад, рӯзи 25-уми апрел дар ҳолати мастӣ қасди вуруд ба Кремл кардааст.
Тибқи иттилои мақомот, ин сокини Маскав шарҳ додааст, ки мехоҳад шахсан бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия суҳбат кунад.
Ин зодаи Узбакистон гуфтааст, ба Путин суол дорад, ки чаро тоҷикону қирғизҳо зуд шаҳрвандии Русияро соҳиб мешаванд, аммо зану фарзандони ӯ муддати дароз интизори гирифтани шаҳрвандиянд.
Табибон дар пайи ташхиси ҳолати руҳӣ, ин шаҳрвандро солим арзёбӣ кардаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин сокини Маскавро барои сархушӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ 500 рубл ҷарима кардаанд.
Қасди суолдиҳии ин шаҳрванди сархӯш ба раисиҷумҳури Русия дар ҳолест, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, 25 апрел бо сафари расмии дурӯза вориди Маскав шуда, феълан дар ин кишвар қарор дорад.