Даргузашти муовини пешини раиси шаҳри Истаравшан
Журналист ва нависанда Мирзомурод Ҳошимзода, собиқ муовини раиси шаҳри Истаравшан, рӯзи 25 апрел даргузаштааст.
Уктами Нуррулло, сардабири нашрияи “Паёми Истаравшан” имрӯз, 26 апрел ба “Озодагон” гуфт, Ҳошимзода пас аз бемории бардавом дар синни 69 аз олам чашм пӯшид.
Мирзомурод Ҳошимзода 10 ноябри соли 1946 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, соли 1969 ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият шурӯъ кардааст. Баъдан, ба сифати котиби масъули ҷамъияти “Дониш”, аз соли 1979 то 1984 дастурдеҳи тарғиботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунист, аз соли 1984 то 1989 директори иттиҳодияи истеҳсолии матбааи Истаравшан, аз 1989 то 2000 сармуҳаррири нашрияи расмии “Паёми Истаравшан”, аз соли 2000 то 2003 муовини раиси шаҳр, аз соли 2003 то 2015 сармуҳаррири “Паёми Истаравшан” буда, аз моҳи майи соли 2015 бознишаста шуд.