“Ду тоҷик дар қатли раиси корхонаи мудофиавии Русия айбдор мешаванд”
Мақомоти Русия аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли Юрий Чубаев, яке аз муассисони ширкати мудофиавии “Кираса”-и Перм хабар додаанд.
Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия, Чубаев шаби 24-уми апрел дар бустонсарояш дар деҳаи Троитс кушта шудааст ва яке аз муттаҳамони асосӣ муҳоҷири меҳнатии 34-сола мебошад.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия шаби 24-уми апрел ду нафар бо мақсади ғорат вориди хонаи Чубаев шуда, бо зиёда аз 20 зарби корд ӯро ба қатл расондаанд: “Ҳамлагарон бо худ 120 ҳазор рубл ва смартфон бурдаанд”.
Ин қазия дар ҳолест, ки ширкати таъсисдодаи Чубаев яке аз таъминкунандаҳои асосии Вазорати мудофиа ва Хадамоти федералии амнияти Русия бо василаҳои мудофиавӣ арзёбӣ мешавад. Ин ширкат дар ҳамкорӣ бо “Рособоронэкспорт” “бронижелет”-ҳояшро ба кишварҳои Африқо, Осиё ва Аврупои шарқӣ низ содир мекардааст.