Қазияи тирхӯрии Каримов аз қавли ҳамсару наздикон: Ҳамлагарон ҳанӯз дар озодиянд...(ВИДЕО)
Ксения Белоглазова, ҳамсари Ҷумъахон Каримов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, ки дар вилояти Маскав ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифт, изҳор медорад, ки мақомоти пулис аз боздошти ҳамлагарон ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо худдорӣ мекунанд.
Белоглазова ва наздикони дигари Ҷумъахон дар суҳбат бо Каромат Шарипов, раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” ҷузъиёти ҳамла ба Каримовро баён доштаанд, ки соати 10:00-и шаби 3 апрел аз сӯи се нафар, бо шумули як корманди пулис сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Ҷумъахон Каримов бо Белоглазова, шаҳрванди Русия издивоҷ кардаву ду фарзанд дорад: "Ӯ иҷозатномаи муваққатӣ барои иқомат дошта, дар ноҳияи Рузскийи вилояти Маскав ба мусофиркашӣ машғул будааст. Шаби сеюми апрел фармоиш мегирад, ки ба маҳаллаи Тучков, кӯчаи Лебеденко, хонаи 28 ҳозир шавад. Баъди расидан ба суроғаи мазкур, ронандаи тоҷик ҷониби одамони истода гуфтааст, ки “муҳтарамҳо, таксиро даъват кардед?”. Дар посух мизоҷон, ки аз дер омадани таксӣ ба ғазаб омадаанд, ронандаи тоҷикро “чурка...” хитоб карда, бо лаҳни таҳқиромез фармудааст, ки аз мошин берун барояд. Дар ин вақт яке аз ду нафари дигар, ки каме дуртар истода будаанд, бо силоҳи навъи карабини думила ҷониби ӯ тир холӣ намудааст. Аз се ҳамлагар ду нафарашон мусаллаҳ будаанд ва баъди тирпаронӣ ду нафари онҳо аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд”.
Сомонаи ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” менависад, ҷабрдидаро мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи шаҳри Рузаи вилояти Маскав интиқол додаст. Дар ҳоле, ки муҳоҷири тоҷик дар беморхона бистарӣ шудааст, ҳамлагарон ба ШКД-и шаҳри Рузаи вилояти Маскав ариза пешниҳод кардаанд, ки гӯиё ҳадафи ҳамлаи як нафари зоҳиран осиёӣ қарор гирифтанд ва барои ҳимоя аз худ силоҳи оташфишонро кор бурданд. Ин се нафар шаҳрванди Русия буда, яке аз онҳо корманди пулис будааст. Айни ҳол ҳамаашон дар озодӣ мебошанд.