Боздошти сокини 59-солаи Душанбе бо гумони куштори падарандараш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 59-солаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми куштори падари угаяш хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда, ки миллаташ рус будааст, 25 апрели соли равон, тахминан соати 17:35 дар ҳолати мастӣ, бо падарандари 78-солааш муноқиша намуда, бо корд ба қисмати рости шиками ӯ мезанад: “Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.