Нашри “Террори ғурур”-и Сайёфи Мизроб
Дар Душанбе китоби нави журналист Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР мунташир шуд.
Ин китоб бо номи “Террори ғурур” имрӯз, 25 апрел, дар рӯзи 50-солагии ҷаноби Мизроб аз чоп баромадааст.
Тавре аз нашрияи СССР ба “Озодагон” хабар доданд, “Террори ғурур” маҷмӯи матолиберо фаро гирифтааст, ки муаллиф солҳои солҳои 2013-2014 дар ин нашрия чоп карда буд.
Сайёфи Мизроб 25 апрели соли 1966 ба дунё омада, фориғутаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи Ленинград мебошад. Ӯ дар нашрияҳои “Оинаи зиндагӣ”, “Ҷоми Ҷам”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Самар” ва Радиои “Озодӣ” фаъолият кардааст. Соли 2008 нашрияи “СССР”-ро таъсис дод.