Сайф Сафар: Мо ба як Жириновский ниёз дорем
Сайф Сафар
Владимир Жириновский, бунёдгузори Ҳизби либерал демокати Русия ва яке аз чеҳраҳои сиёсии пуртаззоди ин кишвар имрӯз, 25 апрел 70-сола шуд. Мутмаинан, шуморе аз ҳаммиҳанон бо он нафрате, ки аз дидгоҳҳову назарҳои миллатгароёнаи ин сиёсатмадор доранд, ҳеч хайре дар сарлавҳаи ин матлаб намебинанд. Ин ҳақро ҳамро ҳам доранд. Вале бо чанд далел вуҷуди чунин шахсиятро дар ҷомеаи мо лозим медонам.
Жириновскийе, ки дилаш рӯи забонаш аст. Жириновскии қолабшикан. Волфович нафарест, ки дар авҷи қудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ба раҳбари вақти он Брежнев нома навишту ҳарф аз бозсозӣ дар бархе аз сохторҳои давлатӣ зад. Ҷуръат кардан ба ин иқдомро бархе аз муҳофизакорони арсаи сиёсаст “ба назар нагирифтани фактори замону макон” мегӯянд, вале Жириновский ҳарфи дилашро зад. Ҳарчанд Брежнев, табиист, ки суханони ин ҷавони 21-соларо беҳудагӯи пиндошт, аммо айём ба комаи Жириновский чархиду сутунҳои давлати Брежнев ларзон шуданд. Акнун, дасти Брежневу ҳамандешонаш барои рад кардани таъсиси ҳизбу ҳазор ғалати дигар кутаҳ шуд.
Соли 1989 Жириновский бо чанде дигар аз мубтакирон, аввалин ҷаласаи ташкили Ҳизби либерал демократии Иттиҳоди Шӯравиро гузаронданд. Ӯ соли 1990 бар курсии раёсати ин ҳизб такя зад. Ин туркшинос, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои фалсафа, сарҳанг, ҳамеша аз сиёсатҳои ҳукумати Путин рӯшод интиқод мекунад. Волфович ҳамеша дар баҳсҳои телевизионӣ аз миллати рус ҳимоят мекунад. Ҳарифонашро бо он иттилоъ, дониш, додаҳои таърихӣ ва фасоҳати забоние, ки дорад мағлуб мекунад. Ҳарчанд бо гароишҳои миллатгароёна, ки нохубанд. Тоҷикон ва дигар муҳоҷирони осиёии муқими Русияро бад мегӯяд. Хостори хориҷ кардани онҳо аст. Ин чизҳо наметавонанд боис бад дидани Жириновский шаванд, чаро ки муҳоҷиронро имрӯз дилхоҳ Сергей Тсареви масту велгард мезанаду мекушаду сирко мехӯронаду зинда ба гӯр мекунад.
Ҳамин ҷо мерасем, ки дар Ватан набуди Жириновский ба гунаи шадид эҳсос мешавад, ки пешниҳоди раводид бо Русия кунаду нафарҳои андак ва лоиқ вориди ин кишвар шаванд ва мавориди сиркову зинда ба гӯр камтар шаванд. Никита Михалков, коргардони маъруфи рус ба муносибати 70-умин солгарди Жириновский гуфтааст: “Агар Жириновский намебуд, бояд ӯро месохтем. Барои он ки ӯ як падидаи пешгӯинашаванда, дорои зеҳни тез, забони бурро ва дониши бунёдист. Ӯ ҳамеша чизҳоеро мегӯяд, ки дигарон тасмими нагуфтанашро мегиранд. Ӯ чизҳоеро, мегӯяд, ки дигарон ҳам мехоҳанд бигӯянд, аммо касе онҳоро гӯш намекунад. Жириновский худашро дучори зарба мекунад. Ӯ одамони худашро намефурӯшад. Вазифаи асоситарин Жириновский ҳамин аст, ки ӯ хоб рафтан намегузорад. Ва ин чизи хуб аст”. Аз ҳамин зовия Жириновскийро кам дорем, ки хобамон бурдааст.
Мавлуд муборак, туеро, ки бо дидгоҳат мувофиқ нестам, аммо нусхаатро инҷо кор дорам!