Интиқоди додситонӣ аз комиссияҳои танзим дар вазорату корхонаҳо
Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи санҷиши ҳолати иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” муайян намудааст, ки бархилофи талаботи моддаи 4 Қонуни мазкур, дар баъзе корхонаву ташкилотҳое, ки зиёда аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзим таъсис дода наёфтааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла муайян шудааст, ки дар ноҳияҳои Шоҳмансур – 104 адад, Сино – 46, Исмоили Сомонӣ – 34 ва Фирдавсӣ 14 адад корхонаву ташкилотҳо комиссияи ҷамъиятӣ таъсис надодаанд: “Нисбати роҳбарони ин ташкилотҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар вазорату кумитаҳои давлатии кишвар низ комиссияи танзим расман ташкил шудааст, аммо амалан фаъолияти хуб нишон надода истодааст: “Масалан вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии стандартизатсия метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ ва як қатор ташкилотҳои дигар комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил ёфта бошанд ҳам, вале онҳо бо комиссияи доимии ҳудудӣ ҳамкорӣ надошта, оид ба фаъолияти худ ягон ҳисобот пешниҳод накардаанд”.
Манбаъ афзуд, санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти маъмурияти тарабхонаҳо, ҳунармандон ва шаҳрвандони алоҳида низ камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд, аз ҷумла баргузории тӯйу маъракаҳо, бо теъдоди аз меъёр зиёди одамон ва автомашинаҳои сабукрав ошкор намуданд: “Қонунвайрокуниҳои мазкур шаҳодати онанд, ки комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо фаъолияти худро ба таври зарурӣ ба роҳ намонда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок накардаанд, ки дар натиҷа як қатор шаҳрвандон аз надонистани меъёрҳои қонун даст ба содир намудани ин қабил қонунвайронкуниҳо задаанд”.
Тибқи иттилои додситонии кул барои ислоҳи камбудиҳо роҳбарони корхонаю ташкилотҳо 15 пешниҳод, 11 амр ирсол гардида, 4 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд: “Нисбати 1 нафар парвандаи ҷиноятӣ ва нисбати 204 нафар парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд”.