Манбаъ ҳамчунин афзуд, Зарифӣ дар мавриди арзи ҳамтои худ перомуни саривақт надодани маълумот дар бораи шаҳрванди дастгиршудаи Федератсияи Русия иброз дошт: «Дар давраи тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба парвандаи мазкур на шифоҳӣ, на хаттӣ ягон маротиба ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат накардааст». Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Русия қатъиян пайравӣ мекунад ва бар он аст, ки зимни баррасии масъалаҳои ба ин монанд мебояд ба робитаҳои зичи бисёрасраи миёни ҳарду кишвар такя намуда, масъалаҳои ба миёномадаро тариқи гуфтушунид дар фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳал кунанд.
-Сергей Лавров дар навбати худ фикру мулоҳизаҳояшро доир ба масъалаи зикргардида иброз дошта, аз ҳамтои тоҷикистониаш мусоидатро дар ҳалли мушкили мазкур хоҳиш намуд,- илова кард сарччашмаи хабар.