Шоҳмотбози тоҷик дар Узбакистон пешсаф аст
Фаррух Амонатов, шоҳмотбози тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳони шатранҷбозон, ки ба хотираи Георгий Агзамов, нахустин шоҳмотбози Узбакистон бахшида шудааст, пешсаф аст.
Торнамои расмии Федератсияи шоҳмоти Узбакистон мегӯяд, шоҳмотбози тоҷик аз 7 бозӣ 6 бурд дорад ва аз шатранҷбозони моҳире чун Тигран Петросян (Арманистон), Муртаз Кажгалеев (Қазоқистон), Рауф Мамедов (Озарбойҷон) 0,5 имтиёз пештар аст.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи шоҳмоти Тошканд ҳашт нафар намояндагӣ мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқа 20 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки 4 ҳазори он ба ғолиби ҷойи аввал дода мешавад. Шоҳмотбозе, ки мақоми дуро ишғол мекунад, 3 ҳазор доллар ва барои ҷои сеюм 2 ҳазор доллар дода мешавад. Дар маҷмӯъ, барои 12 ҷой мукофот муқаррар шудааст.
Фаррух Амонатов зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ 13 апрели соли 1978 ба дунё омада, аз шашсолагӣ ба шоҳмот машғул аст. Ӯ фориғутаҳсили мактаби миёнаи рақами 20-и Душанбе ва Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскав аст. Соли 2002 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот меъёри гроссмейстери байналмилалиро ба ҷо овардааст.