Маҳкумияти 2 тоҷики боздоштшуда дар роҳ ба Сурия
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки соли равон дар роҳ ба Сурия аз сӯи мақомоти амниятии Туркия ва Русия боздошт шудаанд, барои 6 солӣ равонаи зиндон намудааст.
Тибқи қарори додгоҳ, ки имрӯз, 25 апрел ҳукми қонунӣ гирифт, Давлятов Асрорбек Амиралиевич дар суиқасди иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо гунаҳкор дониста шудааст: “Давлятов дар он гунаҳкор дониста шуд, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар сомонаҳои интернетии «Одноклассники» саҳифаи худро бо номи «АК47-Shohmansurec» ва «Зелло» бо номи “Абу Зубайр” ба қайд гирифта, таклифи «Абдураҳмон» ном шаҳрванди Тоҷикистонро барои пайвастан ба «Давлати исломӣ» қабул кардааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи таклифи “Абдураҳмон”, Давлятов 1 январи соли 2016 тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва – Бишкек – Истанбул ба Туркия рафтааст ва 9 феврали соли 2016 дар роҳ ба шаҳри Адана аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия дастгир шудааст.
Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нафари дуюм, ки барои қасди узвият дар “Давлати исломӣ” ба 6 соли зиндон маҳкум шуд, Хушвахтов Насим Саймуҳиддинович мебошад: “Хушвахтов 22 марти соли 2015 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафтааст ва тахминан аввалҳои моҳи октябри соли 2015 бо писари тағояш Заробиддини Иброҳим Раҳматуллозода дар шабакаи интернетии “Телеграмма” ва дигар аъзоёни гурӯҳи террористӣ бо номҳои “Ахи” ва “Мусаб” мукотиба намуда, даъвати онҳоро барои иштирок дар гурӯҳи экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” қабул кардааст”.
Манбаъ афзуд, ки Хушвахтов 3 феврали соли 2016 тавассути хатсайри Москва – Истанбул қасди парвоз ба давлати Туркия доштааст, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Русия дастгир шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид.