Ифшои “бонк”-и пинҳонӣ дар маҳаллаи 65-и Душанбе
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ифшои нуқтаи ғайриқонунии интиқоли асъор дар Душанбе хабар дод, ки ташкилкунандагони он давоми 1,5 моҳ ҳудуди 1 миллион долларро ба Дубай ва баръакс интиқол додаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шаҳрвандон Ғаффуров Ё. ва Бекназаров.А. дар мағозаи “Зебо”-и маҳаллаи 65 нуқтаи интиқоли пул ташкил намуда, аз 12 декабри соли 2015 то 21 январи соли 2016 зиёда аз 800 000 доллари ИМА-ро аз шаҳрвандон гирифта, ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол додаанд: “Инчунин тавассути ин нуқта зиёда аз 200 000 доллари ИМА аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари моддӣ расонда шудааст”.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, 26 январи соли равон шаҳрванд Ғаффуров аз сокини шаҳри Душанбе – Мирзоалӣ, 1000 доллари ИМА гирифта, таъкид намудааст, ки маблағи додаашро аз шаҳри Дубай аз Абдулҳамид метавонад дастрас намояд: “Ғаффуров дар ҳамин ҳолат аз тарафи гурӯҳи корӣ дастгир карда шуда, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса далелҳои шайъӣ дарёфт карда шудаанд”.
Манбаъ таъкид намуд, ки дар пайи ифшои ин нуқтаи ғайриқонунӣ Ғаффуров ва дигарон барои соҳибкории ғайриқонунӣ, фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ва додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба суд равон шудааст.