Барканории Лаълбеков ва мақоми нави Амиршоҳ Миралиев
Амиршоҳ Миралиеви 70-сола, собиқ раиси Хатлон ва ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон ба мақоми раиси Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон таъин шудааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Миралиев ба вазифаи нав 8-уми апрел таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Изатулло Лаълбекови 71-соларо иваз намуд, ки аз соли 2007 инҷониб раҳбарии Ассосиатсияро ба уҳда дошт.
Манбаъ афзуд, ки Лаълбеков феълан дар истироҳат буда, дар назар аст, ки ба кор дар “Ориёнбонк” ё “Тоҷиксодиротбонк” ҷалб карда шавад. Лаълбеков, ки аз замони шӯравӣ дар раёсати низоми бонкии кишвар фаъолият дошт, баъди Истиқлолият ба ҳайси раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” кор мекард.