Истиқболи гарм аз суруди туркии Афзалшоҳ дар Сидней (ВИДЕО)
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии фарҳангҳо ва забонҳо, ки ҳафтаи гузашта дар Хонаи операи Сидней дар Австралия баргузор шуд, бо ду суруди туркӣ баромад кардааст. Баргузоркунандагони фестивал бо нашри як иттилоия изҳор доштаанд, ки Афзалшоҳ Сафарзода, овозхони ҷавони тоҷикистонӣ дар баробари даҳҳо намояндаҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар ҳузури ҳазорҳо мухлис ва миллионҳо тамошобини телевизион баромад карда, тавонистааст бо сурудҳои "Magrurlanma padisahim" ва "Urfalıyım ezelden" мухлисони зиёд пайдо кунад.